Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016 барномаи зиддибӯҳронӣ таҳия мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ
Шариф Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳукумати кишвар се навҳаи рушди иқтисод дар шароити бӯҳронӣ пешниҳод шудааст ва тибқи пешгӯии нао он қадар хушоянд ҳам дар соли 2015 рушди мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар кишвар баробар ба 4,8% хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Барномаи зиддибӯҳронӣ барои солҳои 2015-2016 дар зудтарин фурсат аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон тасвиб хоҳад шуд, хабар дод Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи чаҳоршанбе.

Бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар мустақиман ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир дорад, зеро ФР шарики аслии тиҷоратии кишвари мо аст, гуфт Раҳимзода.

"Бӯҳрони феълиро бо бӯҳрони солҳои 2008-2009 набояд қиёс кард. Он замон бозорҳои ҷаҳонӣ барои Русия баста набуданд, ҳоло вазъ дигар аст. Дар соли 2009 қурби рубли русӣ 56% арзиши худро аз даст дод, имрӯз бошад ин мизон ба 100% расидааст. Ҳеҷ вақт вазъе набуд, ки қурби рубл ба 10% коҳиш ёфта бошад, вале соли гузашта мо чунин вазъро мушоҳида кардем. Дар солҳои 2012-2013, ба унвони мисол, қурби рубл дар як сол метавонист ба 1% тағйир ёбад", — тавзеъ дод вазир.

Раҳимзода зикр кард, ки коҳиши иқтисоди Русия ба мизони маболиғи интиқолӣ таъсир расонида ба коҳиши нишондодҳои бахши воқеъии иқтисод мунҷар мешавад.

"Мо ба ҳукумат се наҳваи рушди иқтисод дар шароити бӯҳрониро пешниҳод кардем ва тибқи пешбинии ношоям рушди тавлидоти нохолиси миллӣ 4,8% мешавад, дар соли 2009 ин нишондод дар сатҳи 3,9% буд. Он замон қурби сомонӣ ба 27% уфт кард ва таваррум 5% буд. Ҳамакнун мо аз таҷрибаи фаъъолият дар шароити бӯҳронӣ бархурдор ҳастем ва умедворем, ки аз шароити феълӣ бидуни хисороти ҷиддӣ берун мешавем", — гуфт вай.

Вазир таъкид кард, ки дар шароити бӯҳронӣ давлат мизони махориҷи дуввумдараҷаро коҳиш медиҳад, сиёсати пуливу молиётии зиракона анҷом медиҳад ва тавваҷӯҳи худро ба рушди зербаноҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муттамаркиз месозад.

"Раиси ҷумҳури мо чунин вазъро пешбинӣ карда ва тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон чандин тарҳҳо имзо ва иҷро мешаванд, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоъидат мекунанд. Мардум бештар пул кор карда онро масраф мекунанд. Дар шароити бӯҳрон муҳим аст, ки мизони масраф кам нашавад, ин амр ба беҳбуди вазъи мусоъидат мекунад", — тавзеъ дод вазир.

Раҳимзода қурби доллар дар соли ҷориро пешбинӣ накард, вале зикр кард, ки мизони таваррум дар соли 2015 на кам аз 7,5% буда, арзиши анвои ғизо афзоиш меёбад ва қиммати колоҳои дигар ва хидмат камтар рушд мекунад.

Лентаи хабарҳо
0