Номаи Раҳмон унвонии шоҳи нави Арабистони Саудӣ ирсол шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бо истифода аз фурсат "рағбати содиқонаи хешро" барои идомаи ҳамкориву ҳамоҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат изҳор медорад.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ирсоли барқияе подшоҳи нави Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазизро табрик кард, менависад сомонаи расмии президент.

Президент Раҳмон ба подшоҳи ҷадиди Арабистон таманнои орзуҳои нек ва шукуфоии бештари он кишварро кардааст.

"Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад", — зикр шудааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бо истифода аз фурсат "рағбати содиқонаи хешро" барои идомаи ҳамкориву ҳамоҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстиву рафоқат изҳор медорад.

Дар пайи марги шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз, ки 23 январ фавт кард, шоҳи ҷадид Салмон ибни Абдулазиз бар тахти Арабистони Саудӣ нишаст.

То кунун чанде аз раҳбарони ҷаҳон ба табрики шоҳи ҷадид вориди Арабистон шуданд. Ахиран, президенти Амрико Барак Обама ба ин кишвар сафар кард ва дар дидори рӯбарӯ Салмон ибни Абдулазизро табрик гуфт.

Лентаи хабарҳо
0