Дар Тоҷикистон аъзои ҶИӮ ва “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” боздошт шуданд

© Flickr \ isafmediaҶангчӯён
Ҷангчӯён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилоъи ВКД боздоштшудагон сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошанд, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст.

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. ВКД баёноти панҷ шаҳрванди боздоштшуда ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористии "Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон" ва "Ҷамоъати Ансоруллоҳ"-ро расонаӣ кард. Баёноти ин афрод тавассути шабакаҳои телевизиюнӣ шоми рӯи сешанбе намоиш дода шуданд.

Дар ин гузориш зикр шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон сокинони ноҳияи Исфараи ҳаммарз бо Қирғизистон мебошанд. Теъдоди дақиқи онҳо эълом нашуд, вале тавассути шабакаҳои телевизионӣ баёноти панҷ нафар намоиш дода шуд.

Тибқи иттилоъи ВКД, ин афрод ба тавзеъи ақоиди тундгароӣ ва сармоягузории созмонҳои худ машғул будаанд.

Абдуалӣ Ваҳҳобов, яке аз боздоштшудагон, ба гуфтаи худаш дар Маскав ба ҳайси сохтмончӣ кор мекардааст ва соли 2005 дар наздикии истгоҳи метрои "Фили" ба суфуфи ҶИӮ, ки ҳадафаш таъсиси хилофати исломӣ мебошад, пайвастааст.

Як муттаҳами дигар Мансур Ҷӯраев гуфт, ки ҶИӮ се навҳаи ҷиҳодро баррасӣ мекунад — кӯмаки молӣ ба созмон, таблиғ ва ҷалби мардум барои ҷиҳод ва даъват ба ҷиҳод.

Ҳамаи боздоштшудагон хабар доданд, ки барои пайвастан ба суфуфи ин гурӯҳҳо бояд маблағи муайяне пардохт шавад. Онҳо маболиғро ба ҳангоми пазируфта шудан ва ба ин созмонҳо ва баъд аз пайвастан низ пардохт мекардаанд. Ба гуфтаи Ҷӯраев, вай барои шомил шудан ба ҶИӮ 100 ҳазор рубли русӣ пардохт кардааст.

"Қасами ман ба расонидани кӯмаки молӣ марбут буд ва ман се маротиба ба ин созмон кӯмак кардам: бори нахуст 10 ҳазор рубли русӣ, сипас 25 ҳазор ва даъфаи севвум 80 ҳазор рубл пардохт кардам", — гуфт вай дар барномаи шабакаи телевизиюнӣ.

Баёноти ин афрод дар бораи пардохти маболиғ барои узвият дар ин созмонҳо бо изҳороти мақомоти тоҷик, ки мегуфтанд шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ ба хотири дарёфти пул шомил мешаванд ва онҳоро мехаранд, мухолифат дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар авосити моҳи январ вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба хабарнигорон гуфт, ки соли гузашта дар кишвар 116 аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва тундагро боздошт шудаанд, ки 338 ҷинояти сангин содир кардаанд.

Гузашта аз ин, соли 2014 кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз вуқӯъи 5 ҳодисаи террористӣ ҷилавгирӣ карда, як ҷинояти хусусияти террористӣ доштаро ошкор кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0