ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Украина барои бартараф кардани мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоиаш ба кӯмаки Ғарб дар ҳаҷми $ 15 миллиард ниёз дорад, иброз дошт Ҷорҷ Сорос, миллиардери амрикоӣ. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.
"Украина аз нигоҳи ҳарбӣ омода аст худашро ҳимоя кунад, аммо ба кӯмаки молӣ ниёз дорад. Ба таври оҷил 15 миллиард доллар ба Киев зарур аст. Аммо барои кафолати эҳё ва бозсозии Украина Ғарб чанд кори дигарро бояд ба субут расонад, аз ҷумла ӯҳдадориҳои иловагии ироаи кӯмакҳои молӣ…",- навиштаанд оқои Сорос ва Бернар-Анри Леви дар як мақола дар рӯзномаи New York Times.
Муаллифони матлаб бар ин назаранд, ки ироаи кӯмакҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои Ғарб дар назди Киев бояд ба он асоснок шавад, ки муноқишаи низомӣ дар Украина ба кадом шева анҷом меёбад.
Украина дар соли 2014 дар маҷмӯъ 9 миллиард доллар кӯмаки молиявӣ гирифт. Дар ҳоли ҳозир қарзи давлатии ин кишвар баробар ба 69,3 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст.