Шокирҷон Ҳакимовро сабти ном накарданд

© Sputnik / Руслан Шалапуда / Гузариш ба медиабонкИнтихоботи парлумонӣ. Акс аз бойгонӣ
Интихоботи парлумонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳакимов аз ҳавзаи якмандатии рақами 19-и Конибодом мехост дар интихоботи парлумонии 1-март ширкат варзад. Вай ин мамониати масъулони ҳавзаи 19-ро ғайриқонунӣ медонад.

ДУШНАБЕ, 28 янв — Sputnik. Номзадии Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ сабт накарданд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҳакимов аз ҳавзаи якмандатии рақами 19-и Конибодом мехост дар интихоботи парлумонии 1-март ширкат варзад. Вай ин мамониати масъулони ҳавзаи 19-ро ғайриқонунӣ медонад.

Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ҲСДТ аз интихобот бо нишони эътироз даст мекашад

Муовини раиси ҲСДТ гуфтааст, то кунун ба тарафдорияш севуним ҳазор имзо ҷамъ овардааст, аммо масъулони ҳавза гуфтаанд, то замони мушаххас шудани мавқеи ҲСДТ дар масъалаи интихоботи парлумонӣ номзадии ӯро сабт нахоҳанд кард. Ҷаноби Ҳакимов аз роҳи худпешбарӣ дар интихобот иштирок карданист.

Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ин амалкарди масъулони ҳавзаи якмандатии рақами 19 дар Конибодом асоси қонунӣ надорад ва, ба бовари ӯ, мақомот мехоҳанд, аз ҳар роҳе намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ — демократиро дар интихоботи 1 март дар ин ҳавза пирӯз гардонанд.

Азим Бобоҷонов, раиси ҳавзаи якмандатии рақами 19, дар шарҳи ин қазия ба "Озодӣ" гуфтааст, бар асоси тавсияи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) то замони рӯшан шудани мавқеи ҲСДТ оид ба интихоботи парлумонӣ, наметавонанд намояндаи ин ҳизбро то 7 феврал сабт намоянд.

"Вагарна дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Шокирҷон Ҳакимов ҳамчун номзади худпешбарӣ ҳеч мушкиле нест", — афзудааст Бобоҷонов.

Ҳафтаи гузашта Шӯрои сиёсии ҲСДТ гуфта буд, дар сурати расидагӣ нашудан ба қазияи Шӯҳрат Қудратов — муовини зиндонии раҳбари ин ҳизб, масъалаи бойкоти интихобот дар назар аст. Вале Раҳматулло Зоиров мегӯяд, онҳо мушаххас нагуфтаанд, ки интихоботро бойкот хоҳанд кард ва ин танҳо баҳонаи ҳавза барои пешпо додан ба намояндаи онҳост.

Дар Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ, ки моҳи декабри соли гузашта баргузор шуд, номи Шокирҷон Ҳакимов низ дар феҳристи ҳизбӣ қарор гирифт, аммо баъдан бо хоҳиши худи ӯ лағв гардид. Ҳакимов дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ аз ҳавзаи якмандатии рақами 19 номзадияшро пешбарӣ карда, бо Насрулло Маҳмудов — собиқ додситони шаҳри Кӯлоб вориди рақобат шуд, аммо пирӯз нагардид.

7-уми феврал рӯзи охирини сабти номи номзадҳоест, ки аз роҳи худпешбарӣ вориди корзори интихобот барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0