ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои узви ИА ба вазирони хориҷа дастур доданд мавзӯъи таҳримоти ҷадид барои таъмин кардани раванди иҷрои тавофуқоти Минскро баррасӣ кунанд, омадааст дар баёнияи Шӯрои ИА, хабар медиҳад РИА Новости.
"Бо дарназардошти вахим шудани вазъият мо хоҳиш мекунем, ки Шӯрои қарибулвуқӯъи ИА дар масоили умури хориҷӣ мавзӯъи вазъи феълиро баҳогузорӣ карда ва амалҳои имконпазир, ба вижа дар масоили амрҳои маҳдудсозӣ, ки ба иҷрои сареъ ва комили тавофуқоти Минск мусоидат мекунад, баррасӣ кунад", — зикр шудааст дар баёния.
Дар ин санад мушшахас нашудааст, ки алайҳи кӣ таҳримоти ҷадид роҳандозӣ мешаванд. Вале дар банди аввали ин баёния гуфта мешавад, ки раҳбарони ИА идома ёфтани раванди пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон дар Донбасс аз сӯйи Русия таъйид карда ба Маскав муроҷиат карда, аз Кремл хоҳиш мекунад, ки аз амоли онҳо интиқод ва барои иҷрои тавофуқоти Минск талош кунад.
Қаблан ИА алайҳи Русия таҳримот ворид карда буд ва далел пеш оварда буд, ки ин амр ба ташаннуҷи вазъ дар шарқи Украина бастагӣ дорад.
Маскав чуними таҳримҳоро ғайриқонунӣ медонад, зеро ҷониби даргирӣ нест.
Ҷаласаи ғайринавбатии раҳбарони ВКХ ИА барои баррасии вазъи Украина рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад.