Дар панҷгонаи ғолибон ҳамчунин намояндагони ИМА, Нидерландия, Украин ва Ямайка ворид шуда буданд. Дар озмуни Майами дар маҷмуъ 87 нафар духтарон аз кишварҳои гуногуни олам ширкат карданд.Унвони ноиби бонуи зебои оламро Ниа Санчес, намояндаи ИМА ва "Бонуи Укроин" Диана Гаркуша соҳиб шуданд.
Паулина 22-сола буда, набераи тенори машҳур Гастон Веги мебошад. Вай соҳиби се бародар ва чор хоҳар аст. Паулина дар аввалин сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфтааст, ки акнун ин охирин ширкаташ дар чунин озмунҳост, зеро мехоҳад ба таҳсил баргардад.
«Ин орзуи ҳар бонуст, ки зани муосирро мехоҳад намояндагӣ кунад. Бонуе, ки мехоҳад ҳам зебову дилкаш ва ҳам донову зирак ва заҳматдӯст бошад",- гуфтааст ӯ.
Маврид ба ёдоварист, ки озмуни "Зебосанами олам" аз соли 1951 инҷониб гузаронида мешавад ва ташкилкунандаи он ширкати тавлидкунандаи либосҳои шиноварӣ "Catalina Swimwear" мебошад. То соли 1972 озмун дар ИМА мегузашт ва баъди он кишварҳои дигарро ҳам чун ҷойи баргузории озмун интихоб карданд. Сар аз соли 1996 ҳақи баргузории озмун ба миллиардери амрикоӣ Доналд Трампу тааллуқ гирифт.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ касе саодати ширкат дар чунин озмунро надоштааст. Аз Русия ягона бону Оксана Фёдровна мебошад, ки соли 2002 "Зебосанами олам" интихоб шуд.