ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Илосмии Эрон қасд доранд барои тиҷорати муштарак ба пули миллии ду кишвар суратҳисоб таъсис бидиҳанд, гуфт дар сӯҳбат бо РИА Новости сафири Эрон дар Русия Маҳдӣ Саноӣ.
Вай зикр кард, ки равобити миёни Маскав ва Теҳрон "басуръат тавсеъа меёбад" ва "соли 2014 барои ҳар ду кишвар бисёр пурсамар буд".
Вале ба гуфтаи дипломати эронӣ, бо вуҷуди ин "барои рушди минбаъдаи равобит бархе аз мушкилот бояд ҳал шавад", ки яке аз онҳо "мушкили пардохти маболиғ" аст.
Ҳар ду ҷониб қасд доранд бонки муштарак ва ё суратҳисоби муштарак таъсис бидиҳанд, ки тавонанд бо риёл ва рубл пардохт карда шавад. Ҳамчунин, барои таъсиси гурӯҳи корӣ тавофуқ шудааст, зикр кард Саноӣ.