Интиқоди раиси нав аз раиси собиқ

Обуна шудан
Абдураҳмонзода дар нишасти хабарие 27 январ дар маркази Қубодиён гуфт, “агар Саъдулло Бекназарзода роҳбари хуб мебуд, ба ҳеч ваҷҳ ӯро аз кор намегирифтанд”.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Саидумрон Абдураҳмонзода, раиси тозатаини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, аз фаъолияти раҳбари пешини ин ноҳия — Саъдулло Бекназарзода, интиқод кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Абдураҳмонзода дар нишасти хабарие 27 январ дар маркази Қубодиён гуфт, "агар Саъдулло Бекназарзода роҳбари хуб мебуд, ба ҳеч ваҷҳ ӯро аз кор намегирифтанд".

"Агар фаъолияти хуб медошт, барканор намегардид. Дар қарори ҳукумат низ гуфта шудааст, ки ӯ аз вазифа озод шавад, на ин ки ба вазифаи дигар таъин гардад", — илова кардааст Абдураҳмонзода.

Саидумрон Абдураҳмонзода тақрибан аз чор ҳафтаи пеш ба курсии раисии ноҳияи Қубодиён такя зад.

Абдураҳмонзода ин ҳама интиқодашро аз раиси пешин батафсил нақл накарда, танҳо афзудааст, қарзи зиёдеро аз Саъдулло Бекназарзода ба "мерос" гирифта, ки пардохташ вақту фурсати зиёд металабад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ низ дар мавриди тафтиши қарзҳо ва ҳолатҳои қаллобӣ дар Қубодиён баъд аз барканори Бекназарзода суҳбат карданд. Саъдулло Бекназарзода дар моҳи январи соли 2013 ба ҷои Абдулмӯъмин Улфатов раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда буд. Ҷаноби Бекназарзода аз ҷумлаи камшумор раҳбарони ноҳияҳост, ки бино бар бархе ибтикорҳояш мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои ахбори ом қарор мегирифт.

Аз ҷумла ҳамагӣ ду моҳ баъд аз таъин шуданаш дар мақоми раиси ноҳияи Қубодиён, дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба фаъолони ҷомеа хитоб карда гуфт, ки пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони солим шарти ҳатмист ва беҳтар аст онҳо танҳо пас аз адои ҳарбӣ барои издивоҷ тасмим гиранд.

Дар замони раҳбарии ӯ, ҳукумати ноҳияи Қубодиён аз як усули дигари ҷалби довталабонаи ҷавонон ба артиши миллӣ кор мегирифт. Ҳукумат ба сокинони маҳаллӣ, асосан волидон ваъда медод, ки агар писари болиғашонро довталабона ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои пайвастанаш ба сафи артиши Тоҷикистон таслим кунанд, онҳо дар навбати аввал ба зиёрати ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд. Вале маълум нест, ки чунин иттифоқ афтод ва волидони довталабон ба хизмат дар артиш, дар навбати аввал барои зиёрати ҳаҷ ҷой гирифтанд ё на.

Аз ташаббусҳои дигари замони раҳбарии Бекназарзода дар Қубодиён, ин буд, ки бо фармони ӯ сарпарастии 60 кӯдаки ятимро ба 60 нафар аз мансабдорон ва афроди доро супурданд, ки то хатми мактаби миёна аз сарпарастони худ кӯмаки молӣ мегиранд ва ҳатто дар вақти ба донишгоҳ дохил шудан ва арӯсиашон низ аз ҳиммати ҳомиёнашон бархӯрдор хоҳанд буд.

Саидумрон Абдураҳмонзода, ки дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Қубодиён таъин шуда, қаблан раҳбарии ноҳияи Раштро бар ӯҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0