ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳафтод соли пеш дар таърихи 27 январи соли 1945 урдугоҳи Освенсим, ки дар он ҳазорон нафар зери шиканҷа қарор доштанд, аз сӯи Артиши сурх озод шуд. Президенти Русия Владимир Путин дар ин рӯз аз Осорхонаи Авруосиёии таҳаммулпазирӣ дар Маскав дидан мекунад, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба хадамоти матбуотии Кремл.
7 январи соли 1945 артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дарвозаҳои Освенсим-Биркенау, урдугоҳи марг (конслагер) дар шаҳри Освенсимро боз кард, ки дар он садҳо ҳазор яҳудӣ ва қавмҳои дигар асир буданд. Беш аз як миллион нафар, ки бештарашон яҳудиён будаанд, дар ин урдугоҳ ҷон бохтаанд.
Ин одамҳо асирҳо буданд, полякҳо, яҳудиҳо, лӯлиҳо ва намояндагони қавмҳои дигар, ки дар лагери «овозадор»- и фашистҳо ба марги ногузир рӯ ба рӯ буданд. Бинобар ҳисобҳои тахминӣ, дар ин урдугоҳ беш аз 1 миллион зиндонӣ ё дар утоқҳои газ сӯзонда ё аз гуруснагӣ ва ё шиканҷаву маризӣ ҳалок шуданд. Вақте, ки артиши сурх ба Освенсим ворид шуд, дар он каме бештар аз 7 ҳазор зиндонӣ буд.