ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Беш аз 30 нафар аз мухолифони Сурия ва чанд тан аз сиёсатмадорони мустақил рӯзи душанбеи гузашта дар марҳилаи нахустини музокироти Маскав барои ҳалли бӯҳрони Сурия ширкат карданд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ВКХ Русия.
Музокирот "паси дарҳои баста" бидуни ширкати намояндагони расонаҳо сурат гирифтанд. Баргузории ду марҳилаи музокирот дар назар аст: 26-27 январ ва 28-29 январ. Дар даври аввал ҳайати мухолифони Сурия, ки аз намояндагони ҷунбишҳои мухталифи сиёсӣ иборат аст, талош мекунанд, ки ихтилофоти миёни худро рафъ сохта дар музокирот бо ҳайъати давлатӣ мавйеъи яксон дошта бошанд.
"Дар тӯли рӯзи нахустини кор дар Москав намояндагони мухолифин тавонистанд куллияи ихтилофот ва мавқеъи яксони худро баррасӣ кунанд. Фикр мекунам, ки рӯзи сешанбе мо метавонем мавзеъи яксони худро бештар мушаххас карда дар музокирот бо ҳайъати давлати Сурия мавқеъи нисбатан ягона дошта бошем", — гуфт дар сӯҳбат бо радиои Sputnik яке аз раҳбарони мухолифони Сурия, дабири кулли "Ҷунбиши демократӣ ва ватанхоҳ" Маҳмуд Мурей.
Дар марҳилаи дуввуми музокирот намояндаҳои расмии Димишк ба раҳбарии намояндаи доимии Сурия дар СММ Башар Ҷаъфарӣ, ки имрӯз вориди Москав шуд, мепайванданд.
Музокироти оғозшуда аз моҳи феврали соли 2014, ки марҳилаи дуввуми раванди сулҳи Женева анҷом ёфта буд, музокироти нахустин мебошанд. Он замон ҷонибҳо натавонистанд дар ҳалли даргирии аз соли 2011 идома ёфта, натоиҷи мушшахасе ба даст оваранд. Зимнан, дар Москав таъкид мекунанд, ки ин музокирот наҳваи расмӣ надорад ва бо ин амр аз музокироти Женева фарқ дорад.
Натоиҷи музокироти рӯзи нахустиниро намояндагони ҳайъати мухолифони батаҳаммули Сурия судманд арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки барои "музокироти ҷонибҳо шонси хубе" аст.
"Фикр мекунам, музокирот дар ду ҳадаф тамаркуз мешавад: танҳо роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия бояд сиёсӣ буда бар пояи тавофуқоти Женева асос ёфта бошад; дуввум — вазъи башарӣ, коҳиш додани азияти халқи Сурия", — гуфт дабири кумитаи миллии ҳамгиройии мухолифони Сурия Маҷид Ҳамму.
Аз оғоз тасмим шуда буд, ки намояндагони расмии Русия дар ин музокирот ширкат намекунанд. Танҳо донишмандони шарқшиноси Русия ба ҷонибҳо барои анҷоми музокирот кӯмак карда онро раҳбарӣ мекунанд. Вале аллакай рӯзи душанбе муъовини вазири хориҷаи Русия Михаил Богданов гуфт, ки эҳтимоли дидори Сергей Лавров бо намояндагони мухолифин дар рӯзи чаҳоршанбе, 28-уми январ, замоне, ки машварати миёни давлат ва мухолифон оғоз мешавад, баъид нест.