ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Маркази фармондеҳии неруҳои ҳарбии Амрико (CENTCOM) рӯзи душанбе тасдиқ кард, ки неруҳои худдифои курдӣ тавонистаанд 90 дарсади ҳудуди шаҳри Кубонии Сурияро аз дасти силоҳбадастони "Давлати исломӣ" озод кунанд, менависад РИА Новости.
"Сарфи назар аз он ки поёни ҷанг бо "Давлати исломӣ" ҳанӯз нопайдост, аммо пирӯзӣ дар Кубонӣ ДИ-ро аз яке аз марказҳои роҳбурдиаш маҳрум кард", — бо такя ба оҷонсии Франс Пресс менависад РИА Новости.
Рӯзи ҷумъаи 23 январ Пентагон хабар дода буд, ки курдҳо бештар аз ду се ҳисаи ҳудуди минтақаи Кубониро ишғол кардаанд. Аз Пентагон ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзи якшанбеи 25 январ неруҳои эътилофи хориҷӣ ба мавзеҳои тундгароҳои ДИ 17 зарбаи ҳавои фиристода буданд.
Ғасби васеи ДИ, ки ҳудуди қобили андешаи сарҳадоти Ироқу Сурияро ба даст оварда буданд, яке аз мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад. Силоҳбадастони "Давлати исломӣ", тибқи маълумотҳои СРУ, ки наздики 30 ҳазор нафар ҳастанд, дар ҳудудҳои ғасбкардаашон хилофати исломӣ бунёд кардаанд.
Аз Тоҷикистон низ, тибқи маълумоти ниҳодҳои интизомӣ, бештар аз даҳҳо нафар дар сафи "Давлати исломӣ" меҷанганд.