ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи созмонҳои футболи ҳарду кишвар баррасӣ шуд.Ҷониби Тоҷикистон иброз дошт, ки ба масъалаҳои табодули таҷриба бо ҳамкасбони кореягиашон дар чунин самтҳо, ба монанди маркетинг, равобити байналмилалӣ, маълумоти мураббигӣ, футболи кӯдакону наврасон ва ғайра завқманд аст, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.
Тоҷикистонро дар ин нишаст Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи ҶТ ва Кореяро Чун Мон Гу, раҳбари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ (АФКҶ) намояндагӣ карданд.
Зимнан, ҷаноби Чун зикр намуд, ки Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ барои ҳамкорӣ омода аст ва ҳамкасбони тоҷики худро дастгирӣ мекунад.
Рустами Эмомалӣ ҳамтои худро ба муносибати ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки имрӯзҳо дар Австралия ҷараён дорад, роҳ ёфтани мунтахаби миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ табрик кард.
"Мунтахаби шумо дар майдонҳои футболи Австралия бозии олӣ нишон медиҳад. Имрӯз футболбозони шумо бар мунтахаби Ироқ пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Аз таҳти дил ба мунтахаби шумо дар Ҷоми Осиё пирӯзӣ таманно дорам",- гуфт президенти ФФТ.
Рустами Эмомалӣ, писарбузурги президенти Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисон ва роҳбарони тими "Истиқлол" маҳсуб гардида, президенти ФФТ ва сарвари Хадамоти гумруки ҶТ мебошад.