ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон барои суханҳои беасосу ғайриқонунӣ дар бораи ин ҳизб ба додгоҳ шикоят нахоҳад бурд, менависад сомонаи Nahzat.tj.
Қаблан расонаҳо аз қавли мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ навишта буданд, ки мумкин ин ҳизб аз болои раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят барад.
Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ, ки ду рӯз давом кард, ниҳоят ба хулосае омадааст, ки аз болои "ниҳод ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан" дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон танҳо ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар шикоят барад.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, дар ин ҷаласа пешниҳод шуда буд, аз болои баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва шахсиятҳо ба додгоҳ шикоят баранд.
Файзраҳмонов меафзояд, ҲНИТ ба ҷои шикоят ба додгоҳ аз Абдулқодирзода даъват мекунанд, минбаъд аз "эҷоди суйитафоҳум, бадгуӣ ва ҳарфҳои бедалел нисбати ҳизбу созмонҳои қонунӣ ва мусалмонон худдорӣ намуда, ҷойгоҳ ва шаъну шарафи пешвои мазҳабии кишварро хатчадор насозад".
"Зеро фарҳанги исломӣ, руҳияи ухувват ва одоби насиҳати исломӣ тақозо менамояд, ки камбудии мусалмонон пеш аз ҳама бо роҳи насиҳат ва тазаккур ислоҳ гардад. Танҳо дар сурати ислоҳ нагаштан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд", — омадааст дар изҳороти шӯрои сиёсии ин ҳизб.
Ин даъват ва ислоҳталабии ҲНИТ аз раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Абдулқодирзода зимни як сафараш ба минтақаи Кулоб ва суҳбат бо сокинон аз ин ҳизби исломии кишвар хост, дар таблиғоти пешазинтихоботии худ аз бовариҳои диниии шаҳрвандон сӯистифода накунад. Ӯ гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт.
Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, суханронии раиси Маркази исломӣ маъракаи таблиғотӣ ва ғайрифарҳангӣ алайҳи аъзои ин ҳизб аст.
"Баъзе аз намояндаҳои мақомоти давлатӣ бо амалҳои худ вазъияти ороми кишвар ва фазои муътадили пешазинтихоботиро барҳам мезананд, ки баёнгари вуҷуди тарҳҳои ғайриошкор ва ҳадафнок алайҳи ҳизб ва суботу оромиши кишвар мебошад. Нашри мақолаҳо ва мусоҳабаҳо бо истифода аз афроди ғаразнок, ташкили барномаҳои телевизионӣ бо даъвати намояндангони иттиҳодияҳои динӣ ва табдил додани онҳо ба василаи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ дар раванди интихобот баёнгари он аст, ки дар сухан ва амали мақомоти давлатӣ ихтилоф ва дугонагии ошкор вуҷуд дорад. Зеро, ин сиёсатҳо ва амалҳо бо шиорҳои эълоншудаи "баробарии ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳо дар маъракаи интихоботӣ" ва "таъмини фазои демократӣ ва озоди интихоботӣ" созгор нестанд", — омадааст дар изҳорот.