Ҳавошиносон: охирин рӯзҳои моҳи январ сардтар мешаванд

© Sputnik / Фируз УмарзодаБарф дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Барф дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон сардшавии шаво ва боришот дар охирин рӯзҳои моҳро пешбинӣ мекунанд, вале сардӣ чандон сахт нахоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ҳавошиносони тоҷик, рӯзҳои охирини моҳи январ дар Тоҷикистон барфӣ хоҳад буд, хабар медиҳад сомонаи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз, 26-уми январ дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ҳавои абролуд ва дар бархе мавзеҳо барфи начандон шадид меборад. Дамои ҳаво дар Душанбе рӯзона +0 +2° буда, шамоли суст мевазад. Шабона дар пойтахт ҳавои камабр, барфи начандон сахт, дамои ҳаво —1 —3° мешавад. Фишори ҳаво аз меъёр бештар аст.

Пагоҳ, 27-уми январ боридани барфи начандон шадид пешбинӣ шуда дар роҳҳо яхбандӣ мешавад; ҳарорати ҳаво шабона —5 —7°, рӯзона +1 +3°, вазидани боди суст дар назар аст.

Рӯзи сешанбе дамои ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон +3 +4 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд +2 +3 гармӣ ва дар навоҳии тобеъи марказ +3 +4 гармӣ, дар ғарби ВМБК +2 +3 дараҷа гармӣ ва дар шарқи ин вилоят —3 —5 дараҷа сард мешавад.

30-уми январ дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар буда, дамои ҳаво каме гармтар мешавад.

Дар рӯзи охирони моҳ дар пойтахт борон борида, дамои ҳаво рӯзона + 2 + 4 дараҷа гарм ва шабона +1 +3 дараҷа мешавад.

Лентаи хабарҳо
0