Ҳалокати ду сокини Фархор аз тири марзбонони тоҷик

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкДар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба фарзияи пешакии таҳқиқот, марзшиканони кушташуда дар Афғонистон ба қасди қочоқи маводди мухаддир қарор доштанд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Фархор зимни убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад радиои Озодӣ.

Ин ҳодиса ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ 25-уми январ дар минтақаи таҳти назорати дидбонгоҳҳои №4 ва №5 Раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рух додааст.

"Ду сокини маҳаллӣ — Маҳмадшариф Зубайдуллоев, соли таваллудаш 1992 ва Хуршед Амиров, соли таваллудаш 1989 талош карданд, ки марзро аз тарафи Афғонистон ба самти Тоҷикистон убур кунанд ва кушта шуданд", — гуфтааст, Раъно Раҳимзода аснои сӯҳбат бо хабарнигорон.

Сафаралӣ Тағоев, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ин минтақа хабари мазкурро тайид кардааст. Ба қавли ӯ, таҳқиқи ин ҳодиса аз сӯйи пойгоҳи (гарнизони) низомии Кӯлоб идома дорад ва тибқи натоиҷи муқаддамотӣ кушташудагон аз Афғонистон, ки дар он ҷо ба хотири қочоқи маводди мухаддир қарор доштанд, бармегаштанд.

Лентаи хабарҳо
0