КМИР ба сотсиал-демократҳо барои сабти ном мӯҳлати изофӣ дод

© Sputnik / Илья Алексеев / Гузариш ба медиабонкИнтихобот. Акс аз бойгонӣ
Интихобот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумиссиюни маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) барои сабти номи номзадҳои феҳрастии Ҳизби сотсиал-демократ то ҳаштуми феврал мӯҳлат дод.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. КМИР замони пешниҳоди асомии номзадҳои интихоботии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро то 8-уми феврал тамдид кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Мӯҳлати сабти номи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон 14-уми январ анҷом ёфт.

Вале ба гуфтаи Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР, масъулони ҲСДТ ба онҳо номае ирсол дошта ба далели то ҳалли ниҳоии қазияи Шӯҳрат Қудратов, ки номзадиаш аз ин ҳизб пешниҳод шудааст, дархости тамдиди замони мӯҳлати сабти ном шудаанд. КМИР ин хоҳиши ҳизбро ба назар гирифта ва тибқи қавонин то 8-уми феврал мӯҳлат дод.

Дар моҳи декабр ҲСДТ феҳрасти номзадҳои ҳизбии худ иборат аз 22 нафарро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ таҳия кард. Ба ин феҳраст ҳамчунин адвокат Шӯҳрат Қудратови зиндонишуда низ шомил карда шуд. Баъд аз эъломи ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе, ки Шӯҳрат Қудратовро барои 9 сол равонаи зиндон кард, ҲСДТ мавзӯъи таҳрими ин интихоботро ба баррасӣ гирифт. Тасмими ниҳоӣ дар ин замина бояд дар рӯзҳои наздик дар анҷумани изтирории ҳизб гирифта шавад.

То ҳол куллияи аҳзоби сиёсӣ, ба ҷуз аз ҲСДТ, номзадҳои интихоботии худро сабти ном кардаанд.

Интихоботи ҳайати панҷуми Маҷлиси намояндагон 1 март баргузор мешавад. Аз рӯйи феҳрастҳои ҳизбӣ барои мандатҳои порлумони Тоҷикистон беш аз 100 нафар мубориза мебаранд.  

Лентаи хабарҳо
0