ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Комиссари низомии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар чанд маврид ба ришваситони муттаҳам аст, хабар медиҳад маркази матбуотии Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон.
Мамашариф Розиқов, комиссари низомии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таввасути миёнарав Усмоналӣ Файзуллоев ришвагирӣ мекард.
"Дар моҳи январи соли ҷорӣ Розиқов тавассути шиносаш Файзуллоев, ки миёнарав буд, дар чанд маврид барои ироъаи дафтарчаи низомӣ ба шаҳрванд Нуров, $2,2 ришва гирифтаст", — омадааст дар хабари ин ниҳод.
Ришваи ситонидаро комиссари низомӣ ва миёнарав байни худ тақсим кардаанд. Ба ҳангоми боздошт аз онҳо 600 ва 500 доллари амрикоӣ ҳамчун далели шаъйӣ мусодира карда шуд.
Нисбати Розиқов ва Файзуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.