Юсуф Раҳмонов додситони кулли Тоҷикистон таъин гардид

© SputnikБинои додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои додситонии кулли Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шерхон Салимзода, ки аз соли 2010 вазифаи додситони куллро иҷро мекард, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз симматаш барканор шуд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Шерхон Салимзода 24-уми сентябр бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи додситони кулли кишвар барканор шуд, хабар медиҳад сойти раиси ҷумҳур.

"Тибқи моддаи 69 Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон озод ва ба ин вазифа Раҳмонов Юсуф Аҳмадович таъйин карда шавад", — омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Юсуф Раҳмонов, ки дар ниҳодҳои додситонӣ 23 сол фаъолият кардааст, то ин замон вазифаи муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистонро, ки ба ин симмат дар моҳи декабри соли 2014 таъйин шуда буд, иҷро мекард.

То ҳол дар бораи вазифаи ҷадиди Шерхон Салимзода, ки дар вазифаи додситони кулл аз 30 январи соли 2010 кор кардааст, хабаре пахш нашудааст. Дар матни фармон ҳамчунин дар бораи сабаби барканории вай чизе гуфта нашудааст.

Шерхон Салимзода, ки муттаваллиди ноҳияи Темурмалик аст, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Соли 1980 фаъолияти кории худро дар вазифаи ҳуқуқшиноси "Селхозхимия"-и вилояти Кӯлоб оғоз кардааст. Баъд аз анҷоми хидмати низомӣ фаъолияти худро дар вазифаи ёвари додситон, муфаттиши калони додситонии ВМБК, мушовири бахши ҳуқуқӣ ва тиҷоративу молӣ, мушовири бахши ниҳодҳои давлатии кумитаи ҳизбии ВМБК, додситони ноҳияи Шӯрообод, мудири бахши кадрҳои Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, додситони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, муовини додситони кулли Тоҷикистон идома додааст. Солҳои 1998-2002 додситони шаҳри Душанбе буд.

Дар моҳи апрели соли 2000 ва феврали соли 2005 Салимов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати севвум аз ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 интихоб шудааст. Солҳои 2005-2007 раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон буд.

Аз 10 январи соли 2007 то 4 июни соли 2009 мудири Ожонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон буд. Аз 4 июни соли 2009 то 30 январи соли 2010 мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳур ва намояндаи комилҳуқуқи вай дар Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ буд.

Вай мушовири давлатии ҳуқуқии дараҷаи севвум ва "Корманди шоистаи Тоҷикистон" мебошад. Бо орденҳои "Барои хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ"-и дараҷаи севвум, "Шараф" ва 5 медал сарфароз шудааст.

Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Додситони ҷадиди кулли ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти кории худро дар симмати муфаттиши додситонии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз карда ва сипас бозраси калон, додситони навоҳии Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 2004 то 2010 муовини додситони кулл, додситони низомии Тоҷикистон ва аз соли 2010 то 2012 додситони вилояти Суғд буд.

То соли 2014 мушовири калони бахши амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд. Дар моҳи декабри соли 2014 ба вазифаи муовини аввали дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

Лентаи хабарҳо
0