Муаззин аз ноҳияи Панҷ ба таҷовузи духтарчаи 6 сола муттаҳам аст

Обуна шудан
Сокинони маҳаллӣ вақте огоҳ шуданд, ки корманди масҷиди ин маҳал духтарчаро таҷовуз кардааст, мехостанд ӯро худ ҷазо диҳанд, вале маъмурони пулис тавонистанд ӯро наҷот диҳанд.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Қадам Ҷобирови 73 сола, муаззин аз ноҳияи Панҷ ба иртикоби таҷовузи духтарчаи 6 сола боздошт шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба раҳбари пулиси ин ноҳия.

Вақте сокинони маҳаллӣ аз ин қазия огоҳ шуданд, мехостанд худ ин мардро ҷазо бидиҳанд, вале ниҳодҳои интизомӣ Ҷобировро наҷот доданд.

Бознишаста, ки муаззини масҷиди рустои Ваҳиёи ҷамоъати "Нури Ваҳдати" ноҳияи Панҷ буд, феълан дар бодоштгоҳи Қурғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи раиси бахши пулиси ноҳияи Панҷ Фирӯзшоҳ Одинаев, муаззин духтарчаи шашсоларо ҳамроҳи набераи худ дар масҷид мебинад ва баъд аз он ки наберааш аз масҷид меравад, кӯдакро таҷовуз мекунад. Модари кӯдак аз ин ҳодиса, ки авохири моҳи декабр ва ё аввали моҳи январ рух додааст, ба пулис шикоят мебарад.

Ба гуфтаи раиси пулис, Ҷобиров дар гуноҳи худ иқрор шудааст.

Нисбати Қадам Ҷобиров тибқи банди қонуни ҷазо дар бораи "кӯдакозорӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ҳукми аз 15 то 20 соли зиндонро дар назар дорад.

Лентаи хабарҳо
0