Муҷҷавизи кор дар Русия танҳо то моҳи марти соли 2015 эътибор дорад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИроъаи нахустин иҷозатномаҳо. Акс аз бойгонӣ
Ироъаи нахустин иҷозатномаҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои гирифтани муҷҷавизи ҷадид то 10 рӯзи анҷоми мӯҳлати муҷҷавизи феълӣ ба Идораи муҳоҷирати Русия шахсан ва ё созмонҳои муваззафшуда дар ин кишвар муроҷиъат кардан зарур аст.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Муҷаввизи кор барои атбоъи хориҷӣ, ки соли 2014 дода шудаанд, танҳо то моҳи марти соли 2015 эътибор доранд, навиштааст "Фергана" бо истинод ба муъовини раиси ИФМ Русия Анатолий Кузнетсов.

"Агар муҷаввиз дар соли 2014 гирифта шуда бошад, вай дар мӯҳлате эътибор дорад, ки дар он сабт шудааст ва бо пардохти молиёти суди афроди воқеъӣ тамдиди он дар соли 2015 имконпазир нест. Ба ин тартиб, муҷаввизе, ки дар соли 2014 гирифта шудааст танҳо то моҳи марти соли 2015, агар он дар моҳи марти соли 2014 барои се моҳ гирифта шуда бошад, эътибор дорад", — тавзеъ дод Кузнетсов дар посухи яксоъата ба суолот дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

Ба гуфтаи вай, гирифтани муҷҷавизи ҷадид бояд 10 рӯз қабл аз анҷоми мӯҳлати муҷҷавизи қаблӣ бидуни тарки қаламрави Русия имконпазир аст. Ҳамчунин бидуни тарқи қаламрави Русия, вале на дертар аз 10 рӯзи анҷоми мӯҳлати вуруди муввақат агар ба Русия то 1 январи соли 2015 ворид шуда бошад, имконпазир аст.

Кузнетсов шарҳ дод, ки агар арзиши муҷҷавиз барои як моҳ пардохт шуда бошад, пас мӯҳлати эътибори он бо ҳамин моҳ маҳдуд мешавад ва имкони тамдиди он вуҷуд надорад.

Тибқи қавоиди ҷадиди муҳоҷират дар Русия, ки аз авоили соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор гирифт, ҳамакнун бар ивази муҷҷавиз муҳоҷирон бояд иҷозатномаи кор дарёфт кунанд. Барои дарёфти иҷозатнома атбоъи хориҷӣ муваззафанд тӯли 30 рӯзи баъд аз вуруд ба Русия шахсан ба Идораи Федероли Муҳоҷират ва ё ба тавассути ниҳоди масъули ФР муроҷиъа кунанд.

Лентаи хабарҳо
0