Тоҷикистон қасд дорад $13,2 миллиард сармоягузориро ҷалб кунад

© Flickr \ Ken TeegardinРушди иқтисодӣ
Рушди иқтисодӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин маболиғ ба гуфтаи раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар истифода мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки дар панҷ соли оянда ҷумҳурӣ қасд дорад 70 миллиард сомонӣ (беш аз 13,2 миллиард доллар) сармоягузориро барои рушди иқтисоди кишвар ҷалб созад, хабар медиҳад ca-news.

"40 миллиард аз ин маблағ сармоягузории мустақим хоҳад буд", — гуфт Раҳмон зимни ироаи пайёми солонаи худ ба порлумон.

Ба гуфтаи вай, ин маболиғ барои рушди арсаҳои мухталифи иқтисод истифода мешаванд.

Дар ҳафт соли ахир ба иқтисоди Тоҷикистон 11 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиард доллар) сармоягузорӣ ҷалб шудааст, гуфт раиси ҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0