ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ тарҳи қонун дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод шавад, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки дар тарҳи қонун бояд роҳҳои беҳбуди ҳуқуқ ва донишҳои муҳоҷирони корӣ инъикос шавад.
"Мо бояд ба таълими касбии онҳо таваҷҷӯҳ карда, ба онҳо забон ва фарҳанги кишвари қабулкунандаро биомӯзем ва тадбирҳои зарурӣ барои ҳимояи ҳуқуқи онҳоро қабул кунем", — гуфт Раҳмон.
Ба ин далел раиси ҷумҳур дастур дод, ки то авохири соли ҷорӣ ба ҳукумат тарҳи қонун дар бораи муҳоҷирати корӣ, ки дар он ҳамаи масоили мубрами муҳоҷирони корӣ инъикос ёфта бошад, пешниҳод карда шавад.