Шӯрои амнияти СММ: муттаҳамони фочиъаи Донетск бояд муҷозот шаванд

© Ruptly / Гузариш ба медиабонкГулӯлаборони истгоҳ дар Донетск
Гулӯлаборони истгоҳ дар Донетск - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи панҷшанбеи гузашта маҳаллаҳои аҳолинишини Донетск боз мавриди гулғлаборон қарор гирифтанд. Як гулӯла ба истгоҳи нақлиёти мусофирбар афтод, ки он ҷо як троллейбус бо мусофирон қарор дошт ва 15 нафар куштаву 20 нафар захмӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Аъзои Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи худ даъват карданд ки қазияе, ки дар пайи он 15 нафар кушта ва 20 каси дигар захмӣ шуданд, ҳамаҷониба бозрасӣ шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Раҳбарияти Ҷумҳурии Халқии Донетск изҳор доштанд, ки гулӯлаборон аз сӯйи рустои Авдеевка, ки дар он ҷо нерӯҳои мусаллаҳи Украина мустақар ҳастанд, сурат гирифтааст. Дар навбати худ Киев даст доштани сарбозони худ дар ин қазияро рад карда, нерӯҳои ҷудоихоҳро муқассир медонад. Нозирони САҲУ, ки ба ҷойи ҳодиса омаданд, гузоришеро паҳн карданд, ки дар он изҳор мешавад, ки гулӯлаборон аз самти шимолу ғарб аз миномётҳо ва артиллерия сурат гирифтааст.

"Аъзои Шӯрои амният зарурати таҳқиқи воқеъбинона ва муҷозоти гунаҳкоронро таъкид карданд", — омадааст дар баёнияи раиси Шӯрои амнияти СММ, ки рӯзи панҷшанбе қабул шуд.

Тарҳи баёнияи Шӯрои амнияти аз сӯйи ҳайъати Русия пешниҳод шудааст.

"Аъзои Шӯрои амният аз қатли 15 ва захмӣ шудани 20 сокини осоишта ибрози нигаронӣ карда изҳор доштанд, ки дар миёни осебдидагони гулӯлаборони истгоҳ занон ва кӯдакон низ буданд. Аъзои Шӯрои амният ба хонаводаҳои кушташудагон изҳори тассалият карда ва хостори сиҳатии захмишудагон шуданд", — омадааст дар санад.

Шӯрои амният ҳамчунин зарурати иҷрои тавофуқоти Минскро таъкид карда аз баёнияи муштараки вузарои хориҷаи Русия, Украина, Олмон ва Фаронса, ки 21-уми январ қабул шуд, истиқбол кард.

Лентаи хабарҳо
0