Амрико ба Ӯзбакистон беш аз 300 адад зиреҳпӯш медиҳад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкЗиреҳпӯш. Акс аз бойгонӣ
Зиреҳпӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯмаки аз ҳама чашмраси низомиро ИМА дар Осиёи Марказӣ бо ироъаи беш аз 300 зиреҳпӯш ба Ӯзбекистон кард.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ба Ӯзбакистон 308 адад зиреҳпӯшҳои тамғаи M-ATV ва 20 адад зиреҳпӯшҳои кӯмакрасон ироъа кард, хабар медиҳад Ca-News бо истинод ба муъовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар масоили ОМ Даниэл Розенблюм.

Тибқи гуфтаҳои вай, ки онро бахши ӯзбекии "Садои Амрико" иқтибос кардааст, васоили низомӣ ба Ӯзбакистон барои тақвияти мубориза бо террорисм ва маводди мухаддир ироъа шудааст.

"Куллияи зиреҳпӯшҳо ба вазорати дифоъ ироъа шудааст ва имкони истифодаи онро танҳо ин ниҳод дорад. Ин васоили ҳифозатӣ аст. Ҳамчунин мо бар ин назарем, ки онҳо марговар нестанд. Онҳо барои ҳифозати низомиён ва мусофирон аз инфироҷи маводди мунфаҷира пешбинӣ шудаанд" — иқтибос овардааст хабаргузорӣ гуфтаҳои ин мақоми низомиро.

Розенблюм дар сӯҳбаташ ҳамчунин изҳор доштааст, ки ин бузургтарин кӯмаки низомии ИМА дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳазинаи интиқоли ин зиреҳпӯшҳо аз ИМА ба Ӯзбакистонро ҷониби Ӯзбекистон пардохт мекунад.

Розенблюм таъкид кард, ки раванди интиқоли зиреҳпӯшҳо ҳанӯз дар моҳи декабр оғоз шуда то чанд моҳи дигар идома меёбад.

"Ҳеҷ яке аз ин зиреҳпӯшҳо аз Афғонистон мунтақил намешаванд. Мутмаъинам, ки бархеҳо чунин фикр доранд. Ин васоил аз Афғонистон мунтақил намешавад. Онҳоро аз дигар ҷо мунтақил медиҳанд", — таъкид кард мақоми амрикоӣ.

Қаблан дар расонаҳо гузориш шуда буд, ки ИМА ва нерӯҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ (ISAF) бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи вогузор кардани васоили низомии аз хоки Афғонистон берун мешударо ба сурати пинҳонӣ музокира мекунанд.

Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ, қиммати як зиреҳпӯши M-ATV ҳудуди 470 ҳазор доллар аст.

Лентаи хабарҳо
0