ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Чин барои фаъол кардани корхонаи "Тоҷиказот" пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".
Дар ин бора вазири саноат ва технологияи Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарие 22 январ дар Душанбе изҳор доштааст.
"Феълан "Тоҷиказот" бо тамоми технологияи муосир таъмин аст. Аммо ба далели набудани ашёи хом кор намекунад", — афзудааст Бобозода.
Дар идома вазир гуфтааст, то кунун ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба пешниҳоди Чин дар мавриди "Тоҷиказот" посух нагуфтааст, вале ба қавли вай, ин корхона ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд.
Бобозода илова кардааст, ки дар баробари чиниҳо, шаш ширкати хориҷии дигар ба "Тоҷиказот" таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки пешниҳоди ҳамаашон феълан мавриди омӯзиш қарор дорад.
Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба Дмитрий Фирташ — соҳибкори украинӣ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори маҳкумшуда, Зайд Саидов тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира намуд. "Тоҷиказот" тайи солҳои охир ба далели қатъи интиқоли газ аз Ӯзбакистон ба мушкил рӯбарӯ шуда, аз фаъолият бозмондааст.