Ҳомии ҳуқуқи башари вилояти Самара муҳоҷирони тоҷикро ҳимоя мекунад

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъули ҳуқуқи башари вилояти Самара ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикро, ки маъмулан бидуни далоиле аз Русия ихроҷ мешаванд, кӯмак мекунад.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Омбудсмен ё ҳомии ҳуқуқи инсони вилояти Самара ба мақомоти тоҷик изҳор доштааст, ки барои ҳалли мушкилот ва ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик омода аст, хабар медиҳад сойти намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.

Масоили ҳамкорӣ ва кӯмак барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Самара миёни Олга Галтсова, ҳомии ҳуқуқи инсони ин вилоят ва корманди намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Шоҳназар Таваров баррасӣ шудаанд.

"Галтсова изҳор дошт, ки барои кӯмак дар ҳалли ин масоил омода аст", — таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мешавад, ки додгоҳҳо маъмулан муҳоҷирони кориро аз қаламрави Русия бидуни далел ихроҷ мекунанд.

Аз авоили соли ҷорӣ бо мусоъидати намояндагӣ, додгоҳи вилояти Маскав ду ҳукм додгоҳҳои шаҳрӣ барои ихроҷи ду шаҳрванди Тоҷикистонро лағв кард. Соли гузашта дар қаламрави вилояти Маскав 71 чунин ҳукм бекор карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0