Тоҷикистон дар соли 2014 содироти нерӯи барқро 37% афзоиш додааст

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкХутути барқ
Хутути барқ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон соли гузашта содироти барқ ба хориҷи кишварро беш аз сӣ дарсад афзоиш додааст, вале ин кор танҳо дар моҳҳои тобистон анҷом шудааст. Феълан дар хутути нерӯи барқи танҳо шиддате нигаҳдорӣ мешавад, ки тибқи талаботи фаннӣ зарур аст.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2014 мизони содироти нерӯи барқро 37,1% афзоиш дода мизони онро то ба 1 миллиарду 321 миллион киловат соъат нерӯи барқ раоснид, хабар дод дар нишасти матбӯъотии 21-уми январ вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.

Нерӯи барқ ба хориҷи кишвар тобистон, замоне ки дар Тоҷикистон имкони тавлиди мизони бештари нерӯи барқ вуҷуд дорад, содир шудааст ва харидорони асосӣ Афғонистон ва Қирғизистон будаанд.

"Сӯҳбатҳо мабнӣ бар он, ки гӯиё дар Тоҷикистон дар фасли зимистон низ содироти барқро идома медиҳад, воқеъият надоранд. Нерӯи барқ дар фасли зимистон содир намешавад ва танҳо барои нигаҳдории хутути интиқоли нерӯи барқ миқдори андаки барқ масраф мешавад, ки аз он истифода намешавад", — шарҳ дод раҳбари ниҳоди энержӣ.

Усмонзода гуфт, ки Афғонистон бамаротиб муроҷиъа кард, ки ба манотиқи ҳаммарз нерӯи барқро содир кунем, вале мо ин хоҳишро радд кардем, зеро ҷумҳурӣ дар зимистон худ ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ аст.

Ба гуфтаи вазир, Афғонистон барои як киловот соъат нерӯи барқ ба Тоҷикистон 3,78 сенти омрикоӣ пардохт мекунад ва пешбинӣ мешавад, ки дар соли 2015 мизони содироти нерӯи барқ ҳудуди 1,4 миллиард киловат соъат шавад.

"Тобистон Тоҷикистон аз имконоти зиёди содироти нерӯи барқ бархурдор аст, зеро ин корро маҷрои рӯдхонаи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои бузурги кишвар — Норак, нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1ва 2сохта шудаанд, имкон медиҳад, — гуфт вай. — Албатта мо мехостем, ки ҳам тобистон ва ҳам зимистон барқро содир кунем, вале ин кор то замони бунёди нерӯгоҳҳои бузург ғайримумкин аст".

Ба гуфтаи Усмонзода, барои таъмини шабонарӯзии аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ бояд дар як шабонарӯз ҳадди ақал 55 миллион киловат соъат барқ тавлид шавад, вале ҳоло ин рақам муъодили 49 миллион аст.

Вазир бар ин назар аст, ки бо дарназардошти афзоиши мизони истифода аз нерӯи барқ дар дохили кишвар, талабот ба он бештар мешавад.
Дар соли 2014 дар Тоҷикистон 16,4 миллиард киловат соъат нерӯи барқ тавлид шудааст.

Соли 2013 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 968 миллион киловат соъат нерӯи барқро бар ивази 33 миллион доллар содир кардааст.

Лентаи хабарҳо
0