ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Шасту ҳафт дарсади сокинони Иёлоти Муттаҳида бар ин назаранд, ки ихтилофоти қавмӣ ҳоло яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеъаи Амрико аст, гуфта мешавад дар пажӯҳише, ки бо дастури Sputnik аз сӯйи ожонсии ICM Research дар ИМА сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол сокинони мард нисбат ба занҳо бештар изҳор доштаанд, ки ихтилофоти қавмӣ дар Амрикои муъосир нигаронкунанда аст.
Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, теъдоди мардҳое, ки ин мушкилро ҷиддӣ намедонанд аз шумори умумии пурсидашудагон 27% буда, миқдори занони норозӣ бо чунин назар танҳо 15% будааст.
Пурсидашудагони синну соли 55-64 сола аз миёни умум бо он фарқ мекунанд, ки бештар ба вуҷуди ихтилофоти қавмӣ розӣ мешаванд. Вуҷуди ин мушкилро 60% намояндагони ин гурӯҳ дар қиболи 67% ҷамъи умум изҳор дошштаанд.
Назарсанҷӣ аз сӯйи ширкати ICM Research аз 5 то 17 декабри соли 2014 дар ИМА гузаронида шудааст. 1007 нафар пурсида шудаанд. Ин назарсанҷӣ мутобиқ ба меъёрҳои ҷинсият, синну сол ва маснубияти қавмӣ баргузор шудааст.
Мизони эътимод дар маҷмӯъ дар кишвар +/-3,1% зимни эътимоди имконпазири 95% аст.