Ҳукумати Бохтар: дар Сурия се сокини ноҳия кушта шуданд

© Sputnik / Павел ДавыдовСурия. Акс аз бойгонӣ
Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштанд, ки хабарҳо мабнӣ ба кушта шудани се сокини ноҳияи Бохтар дар ҷангҳо алайҳи нерӯи давлатӣ дар Сурия аз сӯйи мақомоти интизомӣ таъйид шуданд.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҷаббор Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки се сокини ноҳия дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои давлатӣ дар Сурия кушта шудаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Ғаффор зикр кард, ки ин хабар аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ таъйид шудааст. Ба гуфтаи вай, ду нафар аз онҳо сокинони ҷамоъати Сарвати Истиқлол ва як нафар аз кушташудаҳо сокини ҷамоъати Меҳнатобод будааст. Номи онҳо гуфта нашудааст.

"Ба ҷуз аз ин се нафар аз ноҳияи Бохтар дар Сурия касе нест", — гуфт раиси ноҳияи Бохтар.

Ҳамзамон Ҷаббор Ғаффор хабар дод, ки дар бораи ду сокини ноҳияи Бохтар, ки дар Миср ғайриқонунӣ таҳсили мазҳабӣ мекунанд, иттилоъ ба даст расидааст.

Тибқи иттилоъи ВКД, то поёни соли гузашта дар Сурия 50 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд, ки алайҳи нерӯҳои давлати ин кишвар меҷангиданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 январ дар нишасти матбӯъотӣ гуфт, ки дар даргириҳои хориҷи кишвар беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд, ки бештарашон дар Сурия ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки 300 нафар атбои тоҷик алайҳи ҳукумати Башир Асод меҷанганд.

Лентаи хабарҳо
0