ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тими футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии чорякфинолӣ дар мусобиқоти "Ҷоми Иттиҳод-2015" бо ҳисоби 0:2 аз тими Туркманистон шикаст хӯрданд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Бозӣ 21-уми январ дар Санк-Петербург баргузор шуд. Футболбозони тими ҷавонони Туркманистон ба дарвозаи рақибони худ аз Тоҷикистон дар дақиқаҳои 45 ва 86 ду тӯби беҷавоб заданд.
Ба ин тартиб ба давраи нимфинолии "Ҷоми Иттиҳод-2015" тимҳои Финляндия, Белорус, Туркманистон ва Африқои Ҷанубӣ роҳхат гирифтанд. Тими ҷавонони Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия дар мусобиқаи кӯчак барои ҷойҳои 5-8 рақобат мекунанд.