Арзиши истифода аз телефонҳои хонагӣ боло рафт

Обуна шудан
Ҳамакнун нархи 1 дақиқаи гуфтугӯ бо телефонҳои хонагӣ дар дохили шабака 3 дирам ва бо телефонҳои ҳамроҳ ё дастӣ 5 дирамро ташкил медиҳад. Пештар ин нархҳо мувофиқан 2.5 ва 4 дирам буданд.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ширкати "Тоҷиктелеком" сар аз моҳи январи соли 2015 арзиши истифода аз телефонҳои хонагиро дар саросари Тоҷикистон боло бурдааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов, сардори намояндагии ширкати "Тоҷиктелеком" дар Хуҷанд дар нишасти хабарии 21-уми январ иттилоъ додааст.

Вай афзудааст, ҳамакнун нархи 1 дақиқаи гуфтугӯ бо телефонҳои хонагӣ дар дохили шабака 3 дирам ва бо телефонҳои ҳамроҳ ё дастӣ 5 дирамро ташкил медиҳад. Пештар ин нархҳо мувофиқан 2.5 ва 4 дирам буданд.

Ҳамчунин, пардохти моҳона барои телефони хонагӣ то 3 сомонӣ барои сокинон ва аз 9 то 12 сомонӣ барои корхонаҳои хусусӣ боло бурда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0