Вакилони порлумони Тоҷикистон созишномаи СҲШ тасвиб карданд

© Sputnik / Амир ИсаевМошинҳо қабл аз сафар. Акс аз бойгонӣ
Мошинҳо қабл аз сафар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созишномае, ки аз сӯйи вакилони порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд, ба ғайр аз мушшахас кардани масири ҳамлу нақл, ҳамчунин озод кардан аз молиёт барои истифода аз роҳҳои мошингардро дар назар дорад.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Созишномаи миёни ҳукуматҳои узви СҲШ дар бораи фароҳам кардани шароити муносиб барои ҳамлу нақли тавассути мошинҳоро имрӯз вакилони порлумони Тоҷикистон тасвиб карданд, хабар медиҳад "Авеста".

Наҳваи амалӣ созишномаи миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки тӯли 10 сол баррасӣ мешуданд ва дар моҳи сентябри соли 2014 дар ҳамоиши СҲШ дар Душанбе имзо шудаанд, аз сӯйи коршиносони ҳамаи кишварҳои узви ин созмон таҳия шудааст, хабар дод муъовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода.

"Ин санад таъмини мунназами тронзити коло тавассути қаламрави кишварҳои узви СҲШ ва ҳамчунин наҳваи соддаи сабти ном, дарёфти визо, ширкати кишварҳо дар таъсиси зербаноҳои нақлиёти дар қаламрави кишварҳои дигари узви СҲШ пешбинӣ мекунад", — шарҳ дод вай.

Ганҷалзода тавзеъ дод, ки ин қарордод масири ҳамлу нақли коло аз Чин ба Тоҷикистонро мушшахас мекунад. Ин масир аз шоҳроҳҳои Урумчи-Қаросу дар Чин ва Қулма-Хоруғ-Душанбе дар Тоҷикистон убур мекунад.

Таъкид шуд, ки ин созишнома ҳамчунин назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ ва озод шудан аз пардохти молиёт барои истифода аз роҳҳои автомобилиро дар назар дорад.

Лентаи хабарҳо
0