ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳодҳои интизомиву низомӣ даъват кард, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош бошанд, хабар медиҳад сойти раиси ҷумҳур.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо афроди ба симматҳои мақомоти низомиву амниятӣ таъйиншуда барои мушаххас кардани самти афзалиятноки фаъъолияти онҳо мулоқот кард, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раиси ҷумҳур.
"Бо дарназардошти вазъият дар минтақа ва ҷаҳон — паҳн шудани террорисм, ифротгароӣ ва хатароти дигари ҷаҳони муъосир — раиси ҷумҳур ба мавзӯъи тарбияи кадрҳои ҷавон, боло бурдани мизони омодагии ниҳодҳои низомӣ ва кормандони он таваҷҷӯҳ карда аз онҳо даъват кард, ки ба ватану давлат хидмати софдилона кунанд", — зикр мешавад дар хабар.
Дар ин мулоқот эълом шуд, ки Файзалӣ Шарифзода ба вазифаи раҳбари Академияи ВКД, Аҳлиддин Маҷидов ба вазифаи раиси донишкадаи низомӣ таъйин шудаанд. Раҳбарияти бахши ВКД дар вилояти Хатлон ба Баҳром Шарифзода вогузор шудааст.
Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар роҳбарияти коллеҷи пулис ва литсеи низомӣ сурат гирифтаанд. Ҳамчунин фармондеҳони бархе аз воҳидҳои низомӣ ва фармондеҳи гурӯҳи марзбонони Хоруг иваз карда шудаанд.
"Бояд зикр кард, ки бештаре аз кадрҳои таъйиншуда мутахассисони ҷавон ва ояндадор дар бахши худ ҳастанд ва дар дохил ва хориҷи кишвар омӯзиш дидаанд", — омадааст дар хабар.