ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Федератсия футболи Тоҷикистон мудири кулли тими "Энергетик" Ҳотам Холмуродовро умрбод аз фаъъолият дар футбол маҳрум кард, хабар медиҳад сомонаи ФФТ.
Кумитаи иҷроияи ФФТ рӯзи сешанбе дар нишасти нахустини худ дар соли ҷорӣ Холмуродовро аз футбол маҳрум ва ба 40 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
"Вай барои вайрон кардани муқаррароти чемпионати соли 2014 дар Тоҷикистон ва пардохти маблағҳои изофӣ ба бозингарон, ки дар пайи бозрасии молии ФФТ ошкор шуд, ҷазо дода шуд", — омадааст дар хабар.
Ба ҷуз ин, дар пайи фаъъолиятҳои нодурусти молӣ тими "Энергетик" водор шуд, ки чанд давра қабл аз анҷоми чемпионати соли 2014 мусобиқаро қатъ кунад.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳамчунин чанд қоидаи нав дар бозиҳои чемпионат баррасӣ шуданд. Дар мусобиқаи нав дар лигаи олӣ ва якум ҳар тим бояд ба бозии навбатӣ як бозингари ҷавонро ба ҳайъат шомил кунад. Дар ҷараёни бозӣ ивази ин бозингар танҳо ба бозингари ҳамсол ё ҷавонтар иҷоза дода мешавад.
Агар бозингари ҷавон осеб бинад ва ё аз бозӣ ронда шавад, ба ҷойи вай бояд бозингари ҳамсол ё ҷавонтар ба майдон барояд ва як бозингари бузургтар бояд майдонро тарк кунад.
"Дар сурати нақзи ин муқаррарот ба тим бохти 0:3 ва ҳазор сомонӣ ҷарима андохта мешавад", — омадааст дар хабар.
Дар мусобиқоти тимҳои ҷавонони лигаи олӣ раҳбарон ҳаққ доранд ба ҳайъат 8 бозингари соли таваллудашон 1997 ва се бозингари синнашон бузургтарро ворид кунанд. Барои нақзи ин муқаррарот ҷазои мушобеҳ пешбинӣ шудааст.