ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо лаҳзаи хомушӣ ба хотири гиромидошти хотираи вакил Суҳроб Шарипов шурӯъ гардид, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон марги Суҳроб Шариповро талафоти гарон гуфта, изҳор доштааст, аз тамоми сафоратхонаҳо хориҷӣ, инчунин шаҳру навоҳии кишвар номаҳои ҳамдардӣ ва тасаллият дарёфт кардаанд.
"Мову шумо дар зиндагӣ бисёр чизҳоро дида, сабақ гирифтаем. Ин ҳаёт абадӣ нест, ба қадри якдигар бирасем", — гуфтааст Зуҳуров.
Суҳроб Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон 19 январ дар беморхона даргузашт ва ҷанозаи ӯ рӯзи 20 январ дар Душанбе ба хок супурда шуд.