Расонаҳо: дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон бошгоҳҳои маргхоҳон нест.

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкРӯдхонаи Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Рӯдхонаи Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афсари нерӯҳои марзбонии Афғонистон хабарҳо мабнӣ ба вуҷуди бошгоҳҳои омода кардани террористҳои маргхоҳон дар шимоли кишвар, дар марз бо Тоҷикистонро такзиб кард.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Афғонистон, дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон бошгоҳҳои омода кардани террористҳо ошкор нашудаанд, хабар медиҳад Афганистан.ру бо истинод ба фармондеҳи бахши шимолии нерӯҳои марзбонии ҶИА Мир Наим Ҳайдарӣ.

Чунин ибрози назари афсари баландмақом дар ҷараёни боздиди назоратии вай аз Мазори Шариф баъд аз сафараш ба Тоҷикистон садо дод.

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар мулоқот бо вай нигаронии худро аз пахши хабарҳо мабнӣ ба вуҷуди бошгоҳҳои омода кардани террористон дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон изҳор доштанд.

"Нерӯҳои марзбонӣ аз ниҳодҳои муосир мусаллаҳ шудаи Афғонистон маҳсуб шуда ба ҳимояти марз омода ҳастанд. Аз номи ниҳоди худ изҳор дорам, ки барои ҳамгироии муштарак бо ниҳодҳои интизомии кишварҳои собиқи шӯравии Осиёи Миёна барои баррасии масоили ҳалталаб, омода ҳастем", — иқтибос овардаанд расонаҳои Афғонистон аз суханони вай.

Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Афғонистон дар шимоли кишвар, дар мулоқот дар Душанбе ҳамчунин масоили озодии 4 марзбони тоҷик, ки тӯли як моҳи ахир дар дасти Толибон гаравгон ҳастанд, баррасӣ шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Ариана-ТВ".

Марзбонони тоҷик 19-уми декабри соли 2014 дар вулусволии Имом Саҳиб ба ҳангоми ҷамъоварии ҳезум асир гирифта шуданд.

Ёвари додситони вилояти Хатлон Анвар Назаров 8-уми январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа исми марзбонони асирафтодаи тоҷикро эълом кард — Фарҳод Калонов, Сироҷ Давлатов, Тӯйчибой Нурбоев ва Меҳроҷ Шодиев.

Лентаи хабарҳо
0