Дар Афғонистон ҷангҷӯи тоҷик боздошт шуд

Обуна шудан
Тибқи иттилоъи ВКД Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ин ҷангҷӯ тӯли чаҳор моҳ дар Покистон тамриноти вижа гузашта, барои анҷоми аъмоли террористӣ ба Афғонистон омадааст.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Мақомоти Афғонистон аз боздошти як шаҳрванди тоҷик дар вилояти Лугар хабар медиҳанд. Ин фард дар террорисм муттаҳам мешавад, навиштааст радиои Озодӣ бо истинод ба ВКД Афғонистон.

Тибқи хабари вазорати умури дохилаи Афғонистон аз 20-уми январ, кормандони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи ВКД Афғонистон шаҳрванди Тоҷикистон Шероз Умаровро боздошт кардаанд, ки барои анҷоми амалиёти террористӣ аз Покистон ба ин кишвар ворид шудааст.

Бар асоси ин хабар, вай тӯли чаҳор моҳ дар Покистон тамриноти вижа дида ва сипас барои анҷоми амали террористӣ вориди Афғонистон шудааст.

Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хабар медиҳад, ки вай қасд доштааст ба вилояти Қундуз дар шимоли ин кишвар ворид шавад, вале дар қаламрави вилояти Лугар аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ боздошт шудааст.

Дар ин хабар замони дақиқи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон зикр нашудааст.

Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0