Дар натиҷаи амалҳои ҷангӣ ва гулулаборон хонаҳои истиқоматӣ, хатҳои иртиботӣ ва сохтори шаҳрӣ хароб шудааст. Неруҳои Укроин 18 январ гулулаборони Донетскро пурзур карданд.
Тавре муовини Вазорати хориҷаи Федератсияи Русия Григорий Карасин дар мусоҳибаи РИА Новости изҳор доштааст, ҳаводисе ки дар Укроин дар рӯзҳои ахир ҷараён дорад, ин тарсро собит мекунад, ки Киев мехоҳад тариқи неруи низомӣ вазъро дар Донбасс муътадил кунад.

Роҳгузарон назди бинои беморхонаи шаҳрии рақами 3 дар хиёбони Шевченкои ноҳияи Калинини шаҳри Донетск, ки ба он дар натиҷаи гулулаборони шаҳр мушаке уфтодааст.

2/9
© AP Photo/Manu Brabo
Зане боқимондаҳо ва харобиҳои беморхонаи №3-ро баъд аз гулулаборон тоза мекунад.

3/9
© AP Photo/Manu Brabo
Сарбозони ДНР беморхонаи №3-ро баъд аз гулулаборон аз назар мегузаронад.

Манзили сукунатӣ дар наздикии вокзали роҳи оҳан, ки дар натиҷаи гулулаборон хароб шудааст.

Рӯзи якшанбе тақрибан ҳамаи навоҳии шаҳри Донетск мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

6/9
© AP Photo/Manu Brabo
Марде сафолпораҳои мушакро дар ноҳияи Ворошилови Донетск рӯи даст гирифтааст.

7/9
© AP Photo/Manu Brabo
Одамакҳои барфӣ бо изи сафолакҳои мушакҳо миёни майдончаҳои холишуда дар ноҳияи Ворошилов (маркази Донетск) истодаанд.

8/9
© AP Photo/Manu Brabo
Занҳо ҳангоми мушакборони ноҳияи Ворошилов дар гурезагоҳ нишастаанд.

9/9
© AP Photo/Manu Brabo
Занҳо аз моварои панҷараи шикастаи манзили худ баъд аз гулулаборони Донетск, ба берун назар мекунанд.