ҲХДТ таблиғоти интихоботиро дар Русия анҷом медиҳад

© Фото : Страница пресс-службы президента Таджикистана на Facebook.comАнҷумани ҲХДТ. Акс аз маркази матбӯъоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Анҷумани ҲХДТ. Акс аз маркази матбӯъоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби ҳокими Тоҷикистон гурӯҳи таблиғгаронеро таъсис додааст, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия бо интихобкунандагон аз ҷумлаи муҳоҷирони кории тоҷик, мулоқот мекунад.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Гурӯҳи вижаи таблиғгарони Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон барои корзори интихоботӣ дар авохири моҳи январ ба Русия сафар мекунад, хабар додааст сойти ҳизб.

Гурӯҳи 13 нафарии фаъъолони ҳизбӣ, ки аз сӯйи ситоди марказии пешазинтихоботии ҳизб барои мулоқот бо муҳоҷирони кории тоҷик таъсис шудааст, аз ҳафт шаҳри бузурги Русия — Маскав, Санк-Петербург, Уфа, Қазон, Екатеринбург, Новосибирск ва Челябинск дидан мекунад.

Дар тӯли даҳ рӯз онҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик асоси барномаи интихоботии ҲХДТ шарҳ медиҳанд. Гуфта мешавад, ки таблиғгаронро муъовини аввали раҳбари ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода машварат додааст.

Гурӯҳи вижаи дигарро ба манотиқи Русия Кумитаи иҷорияи ҳизб дар шаҳри Душанбе низ эъзом карданӣ аст.

Тибқи иттилоъи мухталиф дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрвандони тоҷик зиндагӣ мекунанд.

Ситоди марказии пешазинтихобтии ҳизбро, ки 13-уми декабр таъсис шудааст, Саидмурод Фаттоҳзода раҳбарӣ мекунад. Роҳбари ситоди шаҳрӣ Марҳабо Ҷабборӣ, муъовини нахуствазир таъйин шудааст.

ҲХДТ 26 номзадро тариқи феҳрасти интихоботии ҳизбӣ муъаррифӣ кардааст ва ҳамчунин даҳҳо номзадҳои дигар аз ҳавзаҳои ҷудогона пешбарӣ мешаванд.

Интихоботи вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи март баргузор мешаванд. 1 март аз феҳрастҳои ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои ҷудогона 41 вакил интихоб хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ дар порлумон 63 курсӣ вуҷуд дорад.

Ҳамзамон дар ин рӯз интихоботи маҷолиси маҳаллӣ низ баргузор мешаванд.

Интихоботи даъвати панҷуми Маҷлиси миллӣ 27-уми март баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0