Ниме аз сарвати ҷаҳонӣ дар дасти 1% ҷамъияти ҷаҳон

© Flickr \ David GoehringАсъори якдоллара
Асъори якдоллара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гузориши муассисаи Оксфам, рахна миёни сарватмандону тангдастон беш аз пеш афзоиш ёфтааст. Даромади рӯзонаи як миллиард нафар зери як доллару 25 сент аст.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ду рӯз пеш аз баргузории нишасти солонаи маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Даоси Суис Муассисаи байналмилалии Оксфам тозатарин гузориши худ перомуни фақру сарватро дар сомонаи ин муассиса мунташир кард.

Бар асоси гузориш, то соли ояндаи мелодӣ як дар сад аз кулли ҷамъияти ҷаҳон ниме аз сарвати ҷаҳониро дар ихтиёр хоҳанд дошт. Омори ин муассиса нишон медиҳад, ки дороии 80 сарватманди бартари ҷаҳон дар фосилаи байни солҳои 2009 то соли 2014 ду баробар шудааст.

Ба ин тартиб, дасти кам 48 дарсади сарвати ҷаҳонӣ мутааллиқ ба ин афрод аст. Ҳудуди 46% аз 52 дарсади сарвати боқимонда ҳам дар дасти 20% аз ҷамъияти ҷаҳон аст.

Бар асоси ин омор, 80 дарсади ҷамъияти кураи замин ҳудуди 5 дарсади дороии ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Даромади рӯзонаи як миллиард нафар зери як доллару 25 сент аст, дар ҳоле ки дории 80 сарватманди бартари дунё ба андозаи дароии тамоми тангдастони ҷаҳон баробар шудааст.

Муассисаи Оксфам, ки бо ҳадафи мубориза бар фақру беадолатӣ эҷод шудааст, соли гузаштаи мелодӣ низ дар остонаи нишасти Даос гузориши мушобеҳеро мунташир кард ва аз афзоиши рахна миёни сарватмандону тангдастон ҳушдор дод.

Дар 45-умин нишасти Маҷмаии ҷаҳонии иқтисод, ки аз чаҳоршанбеи 21 январ то ҷумъаи 23 январ баргузор мешавад, қарор аст беш аз 300 тан аз сарони кишварҳо, сиёсатмадорони баландпоя, соҳибони сармоя, коршиносони иқтисодӣ ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ширкат кунанд.

Винӣ Биёнимо, раиси муассисаи Оксфам низ дар ин нишаст ба унвони ноиби раиси ҷаласа ҳузур хоҳад дошт. Ӯ дар ҷамъи хабарнигорон зимни интиқод аз густариши нобаробарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, таъкид кард, ки аз нишасти Даос барои ҳушдори мустақим ба сарони кишварҳо истифода мекунад.

Бар асоси гузорише, ки се созмони вобаста ба Созмони миллал дар тобистони гузашта интишор доданд, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 805 миллион нафар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Ба ин тартиб, аз ҳар 9 нафар як нафар ранҷи гуруснагӣ мекашад.

Лентаи хабарҳо
0