ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Фаъъолияти ҳайъати нозирон аз Бунгоҳи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲУ барои назорати интихоботи порлумони Тоҷикистон, ки 1 март баргузор мешаванд, имрӯз, 20-январ оғоз шудааст, омадааст дар баёнияи расмии САҲУ.
Ин ҳайъатро, ки дар Душанбе қарор дораду ба он 14 коршинос шомил аст, ҳуқудон аз Маҷористон Миклош Харасти раҳбарӣ мекунад. Ба ғайр аз онҳо ба кишвар боз 16 нафар нозири дарозмуддат аз кишварҳои узви САҲУ ворид мешаванд.
"Шурӯъ аз 24-уми январ ҳамаи нозирон ба манотиқи Тоҷикистон тақсим мешаванд. Ин ниҳод ихтисоси боз 150 нафар нозирони кӯтоҳмуддатро барои назорат бар раванди раъйдиҳӣ дар рӯзи интихобот тақозо хоҳад кард", — омадааст дар баёния.
Таъкид мешавад, ки ин ҳайъат интихоботро ба манзури риъояи тавофуқоти САҲУ ва муқаррароту меъёрҳои дигари байналмиллалӣ барои баргузории интихоботи демократӣ ва қавонини миллӣ назорат мекунанд. Онҳо ҳамчунин раванди сабти номи номзадҳо, корзори интихоботӣ, фаъъолияти ҳавзаҳои интихоботӣ ва ниҳодҳои дигари давлатиро дар заминаи риояи қавонини интихоботӣ, фаъъолияти расонаҳо и ҳалли ихтилофоти марбут ба интихоботро назорат мекунанд. Дар чорчӯби фаъъолияти худ ҳайъат ҳамчунин бозтоби корзори интихоботӣ дар расонаҳоро назорат хоҳад кард.
Дар ин замина зикр мешавад, ки аъзои ҳайъат бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо, фаъъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хабарнигорон ва намояндагони ҷомеъаи байналмиллалӣ мулоқот мекунанд.
Дар рӯзи интихобот ҳайъати САҲУ муштарак бо ҳайъати Ассамблеяи порлуомнии САҲУ раванди боз шудани марокизи интихоботӣ, раванди раъйдиҳӣ, шумориши оро ва натиҷагирии овоздиҳии мардум ширкат хоҳанд кард.
Гузориши муқаддамотӣ аз натоиҷ ва хулосаҳо як рӯз баъд аз интихобот мунташир мешавад. Гузориши ниҳоӣ аз назорати корзори интихоботӣ тақрибан баъд аз ду моҳи анҷоми интихобот мунташир мешавад.
Интихоботи ҳайъати панҷуми вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мешавад. Дар кишвар 41 ҳавзаи интихоботӣ таъсис шудааст. Аз феҳрасти интихоботии ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои ҷудогона 41 вакил интихоб мешаванд.