ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кӯдаки нимсола, ки ба ҳангоми ҳамла ба хонаводааш дар шаҳри Қумрӣ захмӣ шуда буд, нимаи рӯзи душанбе фавтид, хабар медиҳад РИА Новости.
Ин кӯдак танҳо шоҳиди зиндамонда ба ҳангоми ҳамла ба хонаводаи арманӣ дар шаҳри Қумрӣ буд, ки шаш нафар кушта бар ҷо гузошт.
Серж Аветисяни шашмоҳа бо вуҷуди анҷоми ҷарроҳиҳо дар Ереван фавтид. Рӯзи душанбе вазъи вай бадтар шуд ва соъати 6 ба вақти Душанбе ӯ вафот кард.
Қаблан раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба хешовандони фавтидагон тасаллият карда ва омодагиро барои ироъаи ҳавопаймо барои интиқоли кӯдак ба Маскав барои табобат изҳор дошт.
Рӯзи душанбеи 12-уми январ дар шаҳри Қумрӣ, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии 102-и Русия мустақар аст, шаш узви як хонавода бо шумули духтарчаи дусола кушта шуданд. Ягона кӯдаки нимсолаи зиндамонда дар бемористон қарор дошт. Барои наҷоти кӯдак ба Арманистон пизишкони беҳтарин фиристода шуданд.
Валерий Пермяков, сарбози пойгоҳи 102-и Русия, ки боздошт шуда буд, дар содир кардани ин ҷиноят иқрор шуд.
Раиси кумитаи Тафтишотии Русия Александр Бастрикин ба Ереван барои ҳамоҳанг кардани раванди тафтишот нисбати сарбози рус омад.