Ҳизби сотсиал-демократ эҳтимоли таҳрими интихобтро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкИнтихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-деморкати Тоҷикистон иддаъо дорад, ки мақомот вақтҳои ахир ин ҳизбро бадном мекунанд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik, Маҳпора Киромова. Эҳтимоли таҳрими интихоботи порлумонӣ дар анҷумани қарибулвуқӯъи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд, навиштааст раҳбари ин ҳизб Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи расмии худ дар Facebook.

Шӯрои сиёсии ҳизб бар ин назар аст, ки эҳтимоли таҳрими интихобот ба мавзӯъи бадномсозии ҲСДТ аз сӯйи мақомот аст ва далели рӯшани он ба эътиқоди Зойиров ҳукми 9 соли зиндони муъовини раҳбари ҳизб Шӯҳрат Қудратов аст, ки ба тақаллуб ва порадиҳӣ муттаҳам шудааст.

"Содир шудани ҳукми ғайриқонунӣ ва бедалели додгоҳи шаҳри Душанбе нисбати Шӯҳрат Қудратов бори дигар собит месозад, ки фаъъолиятҳои касбӣ ва сиёсии Қудратов ва бадномсозии ҲСДТ-ро мехоҳанд бо ҳукми додгоҳӣ қонунӣ созанд. Ба ин тартиб додгоҳ беаҳамиятии худро нишон дода, собит сохт, ки аз ҳокимияти судӣ ва мустақилият бархурдор нест ва қарори мақомотро иҷро мекунанд, ки бозгӯи беҳуқуқии комил дар кишвар мебошад", — омадааст дар қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ, ки матни онро Зойиров мунташир кардааст.

Ҳамчунин раҳбарияти ҲСДТ муътақиданд, ки парвандаи Қудратов дар остонаи корзори интихоботи соли 2015 боз шуда ва таҳқиқи он ба дарозо кашида шуд, то ҳизб бадном карда шаваду раҳбари он, ки ба ҳимояти Қудратов машғул аст, натавонад ба ҳалли умури сиёсӣ даст занад.

© SputnikАккаунт Рахматилло Зойирова в Facebook
Аккаунт Рахматилло Зойирова в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Аккаунт Рахматилло Зойирова в Facebook

"Пешниҳоди номзадии Шӯҳрат Қудратов ба вакилии порлумон аз рӯйи феҳрасти ҳизбӣ барои ҳокимияти иҷроия аслан ғайри қобили қабул буд", — омадааст дар қарори Шӯрои сиёсӣ.

Дар авохири моҳи декабри соли гузашта ҲСДТ асомии 22 номзади ҳизбро муъаррифӣ кард, ки бояд барои сабти ном ба КМИҲТ пешниҳод шаванд. Дар ин феҳраст номзадии Алим Шерзамонов, худи Раҳматилло Зойиров, Файзиниссо Воҳидова, Бузургмеҳр Ёров, Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Шӯҳрат Қудратов буданд.

Интихоботи вакилони навбати панҷуми Маҷлиси намояндагон 1 марти соли 2015 баргузор мешаванд. Дар кишвар 41 ҳавзаи интихоботӣ таъсис шудаанд. Аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ 22 вакил ва аз ҳавзаҳои интихоботӣ 41 вакил интихоб хоҳанд шуд.

Шӯҳрат Қудратов 13-уми январ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд.

Вай ҳамчунин аз ҳаққи идомаи фаъъолияти вакили дифоъ дар тӯли ду соли баъд аз раҳоияш маҳрум шудааст.

Додгоҳ ӯро тибқи моддаи 247 (тақаллуб) ба 8 соли зиндон ва тибқи моддаи 230 қонуни кайфарии Тоҷикистон (додани ришва) ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Бо истифода аз қонуни афв, ки моҳи ноябри соли 2014 қабул шудааст, мӯҳлати умумии ҷазои вай то ба 9 сол коҳиш дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0