Тоҷикистон дар соли 2014 воридоти барқро кам ва содироташро зиёд кард

© Sputnik / Валерий Шустов / Гузариш ба медиабонкХутути барқ. Акс аз бойгонӣ
Хутути барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Воридкунандаҳои аслии нерӯи барқи дар Тоҷикистон тавлидшуда дар соли 2014 Афғонистон ва Қирғизистони ҳаммарз буданд.

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар соли 2014 дар маҷмӯъ 37% зиёд шуда ва воридоти он дар муқоъиса бо соле пеш 40,3% камтар шудааст, хабар медиҳад Ожонси омори назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Ба иттилоъи ожонсӣ, дар соли гузашта ҷумҳурӣ беш аз 1,32 миллиард киловат соъат барқ ба маблағи $131,2 миллион содир кардааст, ки дар муқоъиса бо соли 2013 31,2% бештар будааст.

Афғонистон ва Қирғизистон воридкунандагони аслии нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон дар соли гузашта будаанд, хабар медиҳад Ожонси омор.

Дар соли 2014 ба Афғонистон 1,1 миллиард киловат соъат нерӯи барқ ва ба Қирғизистон 236 миллион киловат соъат барқ содир шудааст.

Дар муқоъиса бо соли 2013 ҷумҳурӣ 40,3% воридоти нерӯи барқро коҳиш додааст. Маблағи умумии нерӯи барқи воридотӣ, ки умдатан аз Ӯзбекистон ворид мешавад, $126 ҳазор будааст.

Лентаи хабарҳо
0