Коршиносон иддаъо доранд, ки итиҳомот алайҳи Қудратов лағв шаванд

© SputnikЛоготип Института Медиа Права
Логотип Института Медиа Права - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишкадаи Ҳуқуқи Расонаҳо аз таъқиби вакилони дифоъ дар Тоҷикистон интиқод карда ба талаботи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон барои таъмини адолати додгоҳӣ барои Шӯҳрат Қудратов пайвастанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Донишкадаи Ҳуқуқи Расонаҳо (Украина) аз таъқиби ғайриқонунии ҳуқуқдонҳо дар Тоҷикистон интиқод карда лағви куллия иттиҳомот алайҳи Шӯрат Қудратовро талаб доранд, гуфта шудааст дар сафҳаи расмии ин созмони ҷамъиятӣ дар Facebook.

© Sputnik Официальная страница общественной организации Институт Медиа Права в Facebook
Официальная страница общественной организации Институт Медиа Права в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Официальная страница общественной организации Институт Медиа Права в Facebook

Дар баёния зикр мешавад, ки Шӯҳрат Қудратов аз фаъъолтарин вакилони дифоъ дар Тоҷикистон маҳсуб шуда хатмкардаи мактаби тобистонаи ҳуқуқи расонаҳои ин Донишкада будааст.

"Вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов дар моҳи июли соли 2014 бар пояи иттиҳомоти сохта боздошт шуда буд. Вай боздошти худро ба мавзеъи шаҳрвандии худ ва мушорикаташ дар муҳокимаҳои додгоҳии мақомоти сиёсӣ рабт медиҳад", — таъкид шудааст дар баёния.

Таъқиби ҳуқуқдонҳо аз сӯйи мақомоти тоҷик барои фаъъолиятҳои касбиашон барои вазъи озодии баён "нигаронкунанда" аст ва бо меъёрҳои байналмиллалии ҳуқуқи инсон созгор нест, таъкид мекунад Донишкадаи Ҳуқуқи Расонаҳо.

• ба ин тартиб, Донишкадаи Ҳуқуқи Расонаҳо ба талаботи созмонҳои ҷамъиятӣ барои адолати додгоҳӣ ба Шӯҳрат Қудратов пайваст шудааст, ки онҳо тақозо доранд:
• парвандаи Шӯҳрат Қудратов бетарафона ва воқеъбинона новобаста аз фаъъолиятҳои касбии вай ба унвони вакили дифоъ дар мурофиъаҳои сиёсӣ муҳокима шавад;
• қавонини байналмиллалӣ ва миллӣ, ки аз сӯйи Тоҷикистон эътироф шудаанд риоят шуда, аз таҷрубаи таъқиб ва фишори вакилони дифоъ барои фаъъолиятҳои хидматиашон даст кашида шавад;

Аз мудохилаи мустақим ва ё ғайримустақим ба фаъъолияти вукалои мудофеъ худдорӣ шуда, аз ҳар навъи хушунат алайҳи онҳо худдорӣ шавад;

Вақте вакили дифоъ боздошт ё ҳабс мешавад, анҷумани ҳуқуқдонҳо ва ҷомеъа дар ин бора сареъан огоҳ шуда дастрасии вай ба вакили дифоъ ва муқаррароти дигар, ки қавонин пешбинӣ кардааст, таъмин карда шавад.

Дар баёния зикр мешавад, ки Донишкадаи Ҳуқуқи Расонаҳо аз созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ даъват мекунанд, ки сареъан ба қазияи Қудратов вокуниш нишон диҳанд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе 13-уми январ вакили дифоъ Қудратовро дар иртикоби ҷароиме мисли тақаллуб ва додани ришва муттаҳам дониста ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0