Иштироки шахсиятҳои руҳонӣ дар таҷамуи Грозний

© AP Photo/Musa SadulayevЭътироз дар Грозний алайҳи терроризм ва алайҳи Charlie Hebdo. Акс аз ҷои ҳодиса
Эътироз дар Грозний алайҳи терроризм ва алайҳи Charlie Hebdo. Акс аз ҷои ҳодиса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ҳукумати Чеченистон зикр карданд, ки дар раҳпаймоии эътирозӣ шахсиятҳои руҳонӣ аз Тоҷикистон, шайхҳои араб ва раҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Гайнутдин ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Намояндагони калисои православӣ ва шахсиятҳои руҳонии хориҷӣ дар таҷамуи эътирозии Грозний бахшида ба арзишҳои исломӣ ширкат карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Одамон хеле зиёданд, онҳо дар майдон, дар кӯчаҳои ҳамшафат ҳозир шудаанд, мо огоҳ шудем, ки дар ин таҷамуъ намояндагони калисои православи Русия — усқуфҳои Махачқала ва Грозний, шахсиятҳои руҳонӣ аз Тоҷикистон, шайхҳои араб, раҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Гайнутдин ширкат мекунанд", — гуфтаанд ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ.

Аз Тоҷикистон дар ин таҷамуъ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ширкат мекунад.

Эътирозот ба хотири ҳифзи арзишҳои исломӣ, ба хусус алайҳи "карикатура" бар пайғамбари Ислом дар майдони марказии Грозний — майдони Аҳмад-ҳоҷӣ Қодиров баргузор мегардад. Мақомоти маҳаллӣ гуфта буданд, ки дар ин таҷамуъ наздик ба 400-500 ҳазор нафар ширкат хоҳанд кард. Ин иқдом аз ҷониби руҳонияти ҷумҳурии Чеченистон рӯи даст гирифта шудааст, ки ҳар гуна терроро маҳкум карданд.

Лентаи хабарҳо
0