ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Гурӯҳи созмони террористии "Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон", ки аз 10 сокини ноҳияи Спитамени Тоҷикистон иборат буд, маҳв карда шудааст, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба ВКД.
Гуфта мешавад, ки миёни боздоштшудагон раҳбари ин гурӯҳ Ҷавлон Юсупови 27-сола, муллақаб ба Абдулло Увайс низ будааст.
"Юсупов замоне, ки дар муҳоҷирати корӣ буд, ба суфуфи ҶИӮ шомил шуда адабиёти ифротгароёна ва наҳваҳои аз байн бурдани ҳокимияти қонунӣ ба хотири таъсиси хилофатро мутолиъа мекардааст. Вақте ба ватан баргашт, иҷрои супоириш барои ҷамъоварии гурӯҳ ва кӯмакҳои молӣ ба ҶИӮ оғоз кард", — хабар медиҳад ВКД.
Тибқи баёноти боздоштшудагон, онҳо талош доштанд, ки ба суфуфи ин созмон аъзои ҷадидро ҷалб карда онҳоро барои ширкат дар даргириҳои хориҷи кишвар таблиғ кунанд, ба хонаводаҳои фавтидагон дар ин даргириҳо кӯмак карда барои озодии ҳамақидаҳои худ, ки дар зиндонҳо қарор доранд, талош кунанд.
Зикр мешавад, ки алайҳи боздоштшудагон барои таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилоъи ВКД, дар соли 2014 дар пайи баргузории амалиёти вижа 116 нафар аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро боздошт шудаанд, ки дар иртикоби 338 ҷинояти вазнин муттаҳам мешаванд.
Дар ин муддат аз вуқӯъи 5 ҳодисаи террористӣ ҷилавгирӣ шуда ва як ҷинояти террористӣ ошкор шудааст.