ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Маҳпора Киромова. 21-уми январ Рӯзи ҳамраъйӣ бо Шӯҳрат Қудратов эълом шудааст, омадааст дар сафҳаи расмии раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар Facebook.
Таъкид мешавад, ки аз ин тасмим аллакай Шӯрои сиёсии ҲСДТ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз ҲСДТ пешбарӣ шудаанд, созмони "Анҷумани ҳуқуқии Тоҷикистон" ва Анҷумани "Барои демукросӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон" пуштибонӣ кардаанд.