ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Баъд аз пирӯзӣ бар тими мунтахаби Қазоқистон (1:0) ва шикаст аз ҳамтоён аз Африқои Ҷанубӣ (1:3) футболбозони тоҷик аз шонси баромадан ба давраи дигари бозиҳо бархурдор ҳастанд, хабар медиҳад сойти ФФТ.
Қаҳрамони бозии нахустин ҳамлагари "Истиқлоли" Душанбе Ҷаҳонгир Эргашев шуд, ки голи танҳояш дар дақиқаи 51-уми бозӣ баъд аз тӯби фиристодаи ҳимоятгари марказӣ Амирбек Ҷӯрабоев ба тими тоҷик пирӯзӣ овард.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ тимҳои мунтахаби ҷавонони Литва ва Африқои Ҷанубӣ бозиро мусовӣ (1:1) анҷом доданд.
Дар бозии дуввум тими мунтахаби Тоҷикистон аз тими Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Тими Африқои Ҷанубӣ, ки дар ин мусобиқа ҷадид аст, дар қисмати аввали бозӣ аз иштибоҳи дарвозабон Эмомалӣ Сониев истифода карда, тӯби нахустинро вориди дарвозаи тими Тоҷикистон карданд. Сипас ҳимоятгарони тими Тоҷикистон иштибоҳ карда ва имкон доданд, ки ҳамлагар Монамудӣ бо дарвозабон якбаяк баромада, тӯбро вориди дарвоза кунад. Дар оғи қисмати дуввуми бозӣ ҳисоб то ба 3:0 афзоиш ёфт. Футболбозони тоҷик ба ҳамлаҳои пайдарпайи дарвозаи рақибон оғоз карданд ва дар дақиқаи 72-ум ба ҳаққи задани зарбаи ҷаримавӣ шуданд. Тӯби ягонаро Абдурасул Раҳмонов вориди дарвозаи Африқои Ҷанубӣ кард.
Баъд аз анҷоми ду даври мусобиқот дар ин гурӯҳ тими Африқои Ҷанубӣ пешсаф аст, ки 4 хол дорад.Тими Тоҷикистон ва Қазоқистон 3 холӣ доранд. Литва дар ду бозӣ танҳо як хол ба даст овардааст.
Дар даври ниҳоӣ тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 20-уми январ бо тими Литва бозӣ мекунад. Ин бозӣ соъати 16:15 бо вақти Душанбе оғоз мешавад. Барои ба даври дигар баромадан ба тими Тоҷикистон кофӣ аст, ки ин бозиро мусовӣ анҷом бидиҳад.